Бо ташаббуси КИ ҲХДТ шаҳри Хуҷанд дар ташкилоти ибтидоии Зоҳидҷон Иронов ҳашари ободонӣ гузаронида шуд. Ин иқдом дар доираи эълон шудани 1300 меҳнати зарбдор ба истиқболи 30 - юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид.

Дар доираи ҳашари ободонӣ гирду атроф тоза шуда, ҷӯйборҳо аз партов тоза карда шуданд.

Чунин иқдом дар дигар ташкилотҳои ибтидоӣ низ идома дорад.