Бо мақсади ташвиқу тарғиби Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тикистон имрӯз гурӯҳҳои ташвиқотию тарғиботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд бо интихобкунандагон вохӯрӣ доир намуданд. Вохӯрии мазкур дар толори факултети филологияи ӯзбеки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баргузор карда шуд.

Дар вохӯрии мазкур намояндаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Олимҷон Зоҳидов ва намояндагони кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Элёр Бегов ва Боҳирҷон Раҷабов доир ба Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ баромад намуданд.

Аз ҷумла, қайд гардид, ки мо дар остонаи яке аз маъракаҳои муҳими сиёсии кишвар, ки пешрафту шукуфоӣ, тинҷиву оромӣ аз сатҳи чигунагии сурат гирифтани он вобастагии калон дорад, яъне Интихобот ба Маҷлиси намояндагону Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ қарор дорем. Ҳамчунин, назару таваҷҷуҳи интихобкунандагон ба фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ дар ин интихобот натиҷагирӣ карда мешавад. Халқ довари бузург ва ҳақгӯе аст. Ва то кадом андоза ҳадафҳои Барномавии ҳизбҳои сиёсӣ дар амал татбиқ шуданд, таҳлилу баррасӣ мекунанд.

Ҷоиз ба қайд аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зода ва парвардаи давраи соҳибистиқлолӣ маҳсуб ёфта, дар баробари 6 ҳизбҳои сиёсии дигар рисолат ва масъулияти сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ, созандагиву ободкориро бар дӯш дорад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тараннумгари дастовардҳои навини мамлакат буда, дар амалисозии ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат тавъам бо риояи қонунҳои Оиннома ва Барномаи ҳизб ва дар ин радиф дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои дахлдор ҷиҳати ҳалли мушкиливу муаммоҳо фаъолияти судманд ба роҳ монда меояд.

Ин ниҳоди пурқудрат бо теъдоди беш аз 500 - ҳазораи худ, пеш аз ҳама, такя ба халқ дорад ва рисолати хизмат кардан ба халқро дастури ҳамешагии худ медонад.

Ҳамаи мо хуб медонем, ки ҳизбҳои сиёсии кишвар бо таҳияи Барномаи амали худ барои панҷсоли оянда вориди рақобат хоҳанд шуд.

Чунин мулоқоту вохӯриҳо то баргузории интихобот дар ҳамаи ташкилоту муассисаҳо ва кумитаи маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд доир карда мешавад.