Имрӯзҳо дар тамоми ташкилоту муассисаҳои хоҷагии халқи кишвар Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамовозии ҳамаҷониба паёдо мекунад.

Мардуми шарифи Тоҷикистон Паёмро чун нишондиҳандаи асосии самтҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ арзёбӣ намуда, онро чун дастурамали ҳидоятӣ сармашқи кору паёкори хеш қарор додаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  26 декабри соли 2018 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ ва аҳли ҷомеа нахуст вобаста ба дастовардҳои дохиливу хориҷӣ ибрози назар намуда, соли 2018-ро соли воқеан таърихӣ унвон намуданд. Зеро дар самти сиёсати хориҷӣ воқеан ҳам соли 2018 бо оғози расмии татбиқи ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти об, ба сатҳи шарикии стратегӣ боло бурдани муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, дар самти сиёсати дохилӣ — ба истифода дода шудани агрегати якуми НБО «Роғун», пурра татбиқ ёфтани ҳадафи дуюми стратегии кишвар, яъне пурра аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадани Тоҷикистон ва дигар дастовардҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба соли таърихӣ дар ҳаёти кишвар табдил ёфт.

Ин ва дигар нуктаҳои мубрами Паёми навбатӣ дар мулоқоте, ки дар беморхонаи сирояткунандаи шаҳри Хуҷанд бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Саодат Аминҷонова, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар ва муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода баргузор гардид, мавриди шарҳу тавзеҳ ва баррасӣ қарор дода шуд.