Нимаи дуюми санаи 2 декабр Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон бо ҳамроҳии раиси кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ Маликисломӣ Наим Мунаввар ҷиҳати ошноӣ аз фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ аз корхонаи муштарки “Ҷавонӣ” ва Шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд дидан намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки коргоҳи “Ҷавонӣ” давоми чанд соласт, ки аз фаъолияти пурсамар дошта, аз коркарди пахта сар карда то истеҳсоли маҳсулоти тайёр-либосҳои мардона занона ва кӯдаконаро аз нахҳои табии истеҳсол менамояд. Дар коргоҳи мазкур 750 нафар машғули кори ҳамарӯза ҳастанд. Коргохи мазкур 90% маҳсулоти хешро ба бештар 10 кишварҳои хориҷӣ содир менамояд, ки бештари ин кишварҳоро давлатҳои Аврупо ташкил медиҳад. Маврид ба зикр аст, ки дар корхонаи муштарак ҳизбиён пештози ҳама ташаббусҳо мебошанд. Исмоилзода Зуфар Муртазохон  ва Маликисломӣ Наим Мунаввар аз ҷараёни корҳо дар сехҳо дидан намуда, ба сифати маҳсулоти истеҳсолшуда баҳои баланд доданд.

Ташкилоти ибтидоии Шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд аз пешқадамтарин ташкилоти ҳизбии шаҳр маҳсуб шуда, аз шумораи умумии 250 нафар кормандон алҳол 115  нафар аъзои ҲХДТ мебошанд. Роҳбарияти ташкилот мекӯшад, саривақт дастуру вазифагузориҳои роҳбарияти олии ҳизбро дар сатҳи баланд иҷрои намояд. Зимни боздид Исмоилзода Зуфар Муртазохон  барои густариши фаъолият супоришҳо дода, иброз дошт, ки бояд бо мардум сарукори бештар гиранд, аз мушкиливу муаммоҳои онҳо огоҳӣ ёбанд. Зеро иттилои нодуруст боиси паҳн гардидани  ҳар гуна овозаҳо мегардад. Хоссатан дар давраи тирамоҳу зимистон бояд сокинон аз иттилои воқеӣ дар мавриди дастраси ба барқ баҳравар шаванд. Дастовардҳои соҳа хеле зиёданд, аммо онро бояд мардум донад.