Тибқи нақшаи чорабиниҳои ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар кумитаи маҳаллаи «Содирхон Ҳофиз» -и шаҳри Хуҷанд бахшида ба 22 солагии рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 5 солагии таъсисёбии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар толори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №15-и шаҳр чорабинии ҷашнӣ баргузор гардид, ки дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов ширкат варзида, ҳамаи бошандагони кумитаи маҳаллаи «Содирхон Ҳофиз», омӯзгорону хонандагони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №15-ро ба муносибати фарорасии рӯзи қабули Конститутсия табрику муборакбод намуда дар вазъияти тантанавӣ якчанд нафарро бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои кумиҷроия қадршиносӣ кард.

Инчунин, ба 10 нафар шахсони арзанда, ки қаблан барои дохил шудан ба узвияти ҲХДТ ариза пешниҳод намуда буданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

  Дар чорабинӣ ҳофизи мумтоз Махками Баҳриддин ва муҳасилини мактаби таҳсилоти  миёнаи умуми №15 хотири иштирокчиёнро бо суруду таронаҳои дилнишин шод гардониданд.