Дар Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд мулоқот бо фаъолону сокинони шаҳри Хуҷанд доир ба маҳкум намудани амалҳои терорристӣ ва пешгирии фаъолияти аъзоёни ҳизбу ҳаракат ва равияҳои динӣ – экстремистидошта бо ҳузури роҳбарияти шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсус, роҳбарон ва муовинони муассисаҳои таълимӣ, ҷавонон, варзишгарон, имомхатибони масҷидҳо, раисони кумитаҳои маҳаллаҳо, раисони Шӯрои занон ва Шўрои ҷавонони кумитаи маҳаллаҳо баргузор гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода чорабиниро оғоз намуда, аз ҷумла афзуд, ки бунёди давлати демократӣ ва дунявӣ, ки дар он тамоми ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон таъмин карда мешавад, яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Имрўз дар ҷомеа чунин қувваҳое пайдо шудаанд, ки мақсади онҳо ноором кардани вазъи сиёсӣ, халалдор намудани раванди сулҳу ваҳдат, вайрон кардани меъёрҳои ҳуқуқӣ, маҳдуд намудани озодиҳои шахсӣ ва ниҳоят дигаргун намудани сохтори давлат мебошад.Ҳамчунин, дар замони муосир, ки пур аз тазод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши экстремизму терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд. Ин мавзўъ дар маркази таваҷҷўҳ ва баҳси сиёсатмадорону рўзноманигорон, ҷомеашиносон, уламои дин ва зиёиёни эҷодкор қарор гирифтааст.

Иттилоъ дода шуд, ки экстремизм ба маънои томаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравӣ, аз ҳад гузаштан аст. Ин амалу зуҳурот метавонад дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба назар мерасад.

Раиси шаҳр гуфт, ки мардуми шарафманди тоҷик аз қадим ҳамчун миллати сулҳпарасту инсондўст маълуму машҳур буданд ва имрўзҳо низ бо чунин сифатҳои олидараҷа ҷаҳониён тоҷикону тоҷикистониёнро мешиносанд. Воқеае, ки санаи 29 июл дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон аз тарафи гурўҳҳои тундрав сар зад, мардуми меҳмоннавози тоҷикро андўҳгин намуд.Ҳар яки мо медонем, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пойдор намудани сулҳу оромии кишварамон пайваста заҳматҳои зиёд мекашанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳар яки мардуми бонангу номуси тоҷик ба ин ҳодисаи нохуш оромиву осудагии кишварро халалдор месозад, бетараф набошем. Ин душманони баднияту ноком, ки оромии ҷомеаро бо мақсади нопоки худ халалдор намуданӣ ҳастанд, ҳаргиз ба мақсад нахоҳанд расид. Зеро имрўз мақомоти қудратии кишвар ва мардуми сарбаланди тоҷик метавонанд садди роҳи чунин хоинони миллатро гиранд.

Маъруф Муҳаммадзода афзуд, ки имрўз дар ҳаёти Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шарофати сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода марҳилаи нави бунёдкорӣ фаро расидааст. Мардуми сарбаланди тоҷик сиёсати созандаро самимона дастгирӣ менамояд. Онҳо дарк намудаанд, ки оромию осудагии ҷомеа гавҳари бебаҳо буда, посбонию нигаҳбонии он вазифаи ҳар як шаҳрванди соҳибақлу соҳибхирад мебошад. Имрўз бо боварии зиёд гуфта метавонам, ки якдилию иттифоқии насли башар намегузорад, ки ин душманони миллат ҳеҷ гоҳ ба мақсади нопоки худ расанд.

Сардори шуъбаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд полковники милитсия Ҷалилзода Эмин Карим, прокурори шаҳри Хуҷанд Арабшо Солизода ва дигарон баромад намуда, доир ба вазъи имрӯзаи ҷинояткорӣ ва пешгирии он иттилоъ дода, аз ҷумла таъкид сохтанд, оромию суботи ҷомеаро ягон қувваю гурўҳ халалдор карда наметавонад. Ҳамаи ин моро водор месозад, ки дар ин лаҳзаҳои ҳассос бетарафӣ зоҳир накарда, аз ҳарвақта бештар дар атрофи Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ояндаи дурахшони халқу миллатамон муттаҳид шавем. Халқи Тоҷикистон аз санҷиши иғвоҳои вазнин гузашта, ба имрӯзи фирӯз расидааст ва ягон амалу қувва мавқеи устувори сулҳҷӯёна, ваҳдатпазирона ва инсонпарваронаи давлату ҳамватанони моро дигар карда наметавонад. Мо ба ояндаи неку амалигардии ормонҳои олии миллиамон бовар дорем.

Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд