Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ҳамаи ҳамватанонро ба муносибати 21-умин солгарди қабули Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод менамояд. Бисту як сол муқаддам рӯзи 6–уми ноябри соли 1994 Конститутсияи (Сарқонуни) давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба сифати қонуни олии кишвар аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ, яъне бевосита аз ҷониби худи халқ бо дарки масъулияти баланд дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва ояндаи кишвар қабул карда шуд. Конститутсия нишонаи нахустин ва муҳимтарини соҳибистиқлолии давлат буда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва давлатҳои дигар эътироф гардидани соҳибихтиёрии он аз ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз сарчашма мегирад. Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми кишвар буда, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати тозабунёд ва соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ мебошад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди миллӣ буда, муқаддасоти миллӣ, андешаи давлатдории миллӣ, истифодаи васеи анъанаҳо ва осори таърихии миллиро эълон ва таъмин мекунад. Ҷашни Сарқонун муборак ҳамватанони азиз!
Шарҳ додан
-
Танзими анъана ва чашну маросимхо2017-07-25 9904
-
Сафи аъзоёни ХХДТ зиёд мешавад2014-09-22 9773
-
Боздид аз ташкилотҳои ибтидоӣ2014-09-11 7894
-
Забони тоҷикӣ- забони шеър ва забони муҳаббат аст2016-10-10 7707
-
Вохӯрӣ дар МТМУ №122016-04-21 7075
-
Хуҷанд: КОНСТИТУТСИЯ - РОҲНАМО ВА ҚУТБНАМОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ2023-11-03 943
-
Хуҷанд: АРҶГУЗОРӢ БА ХИЗМАТИ ШОЁНИ СОБИҚАДОРИ ҲХДТ2023-11-01 976
-
ТЭТ ҲНИ ҲАМОНО АЗ РОҲИ ТЕРРОР КОРА МЕГИРАД2018-08-10 1414
-
ХОНАИ УМЕДИ ТОҶИКОНИ ҶАҲОН2021-04-19 734
-
Санҷиши ташкилоти ибтидоӣ2016-10-14 1363
-
Баҳори ҷавонӣ2019-05-01 1039
Меҳмонон