Дар ташкилотҳои ибтидои Маркази саратоншиносии вилояти Суғд ва Беморхонаи  клиникавии шаҳрии № 2 – и шаҳри Хуҷанд оид ба ташвиқу тарғиби Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти намояндаи Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд профессор Абдумавлон Азимов доир гардид.

         Зимни баромад қайд гардид, ки  Ҳукумати  мамлакат, бо дарназардошти он, ки саломатии мардум шарти муҳимтарини пешрафти мамлакат мебошад, ба ҳалли масъалаҳои вобаста ба тандурустии аҳолӣ эътибори аввалиндараҷа медиҳад. Барои бехатарии солимгардонии  маъюбон, дастгирии иҷтимоии табақаи осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакони ятиму бесаробономонда, ойлаҳои камбизоат ва дастрасии онҳо ба хизматрасонии тиббиву иҷтимоӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, дар ин самт ҳамаи тадбирҳо саривақт амалӣ шуда истодааст.

Дар машваратҳо доир ба нуктаҳои Паёми Сарвари давлат андешаҳои якчанд аъзоёни фаъоли ҲХДТ шунида шуд.