Дар ҳамкории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд бо Маркази вилоятии ташаккули тарзи ҳаёти солим, шуъбаи хадамоти муҳоҷират ва Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ”  дар кумитаи маҳаллаи 1 – май бо сокинон мулоқот доир гардид. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷандро  муовини Раиси кумиҷроия  Муҳаббат Ӯрунбоева,мудири шуъбаи кор бо занон Заррина Манонова ва мудири шуъбаи ҷавонон Эхсон Исоев намояндагӣ карданд.

Дар умум наздик ба 100 нафар сокинони маҳалла бо ташвиқоту тарғибот фаро гирифта шуданд.

Аз ҷониби ташкилкунандагон ба ҳамаи  иштирокчиён вобаста ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, таълиму тарбияи фарзанд, истифодаи босамари замину об ва дар як сол рӯёнидани 2 – 3 ҳосил аз як қитъаи замин, муқовимат бо падидаҳои номатлуби ҷомеа маводҳои ташвиқотию тарғиботӣ тақсим гардид, ки боиси қаноатмандии шаҳрвандон шуд.

Чунин чорабиниҳо дар дигар маҳаллаҳои шаҳр ҳам ба нақша гирифта шудаанд.