Тибқи нақшаи муштараки Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд, Комиссариати ҳарбии вилоят ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар шаҳри Хуҷанд аз санаи 2 то 21 феврали соли равон мусобиқа харбӣ-варзишии «Ҳомии Ватан» бахшида ба соли  2017 Соли ҷавонон ва 24 солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи 10 намуди варзиш баргузор гардид. Рӯзи гузашта дар Комиссариати ҳарбии вилояти Суғд ҷамъбастии мусобиқаи мазкур доир гардид, ки ғолибони мусобиқа бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.