Ҷиҳати амалигардонии ҳадафҳои Барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи Марказию Вилоятии  ҲХДТ ба муносибати фарорасии иди саиди Қурбон  Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва дигар оилаҳои ниёзмандро аёдат намуд ва ба онҳо аз ҷониби кумиҷроия маводҳои хӯрока дастрас карда шуд.

Оилаҳои аёдатшуда изҳори миннатдории худро ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расонида, шукргузорӣ аз ин даврони соҳибистиқлолии кишвар карданд.