Бо иқдоми Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба як қатор оилаҳои ниёзманд, ашхоси бемор ва занони яккаву танҳо бахшида ба Иди Саиди Фитр кӯмаки моддӣ дастрас карда шуд. Ин иқдом дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои олии ҳизб роҳандозӣ гардид.

Аёдатшудагон барои ғамхориву дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  –  Пешвои миллат, Раиси  муаззами ҲХДТ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён намуда, барои ояндаи дурахшони Тоҷикистон дасти дуо бардоштанд.