Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва ташкилоти ҷамъиятии «Сипари сулҳ» барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, зебоипарастӣ, ташвиқи ғояҳои инсондӯстӣ ва хештаншиносӣ дар мактаби мусиқии №2 ба номи Боймуҳаммад Ниёзов озмуни «Рассомони ҷавон» байни хонандагони мактабҳои рассомии шаҳри Хуҷанд дар мавзӯъи «Артиш шоҳсутуни давлат» бахшида ба 27 - солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Соли рушди деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ» ҷамбаст гардид.

Дар расми ифтитоҳи чорабинӣ  раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар кулли иштирокдоронро бо рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, зикр намуд, ки яке аз василаҳои дӯст доштани обу хоки Ватан ин аз овони кӯдакӣ дар тиннати наврасон бедор кардани эҳсоси Ватандӯстӣ мебошад. Роҳандозии чунин иқдомот барои тақвияти дӯстдории Ватан заминаи мусоид мегузорад.

Барои беҳтарин асарҳои кашидаи наврасон дар вазъияти тантанавӣ Диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.