Бо таваҷҷӯҳи Ҳукумати Тоҷикистон, бунёди иншооти таълимӣ ва фароҳам овардани шароити донишомӯзӣ, соҳаи маориф ба дастовардхои нав ба нав ноил мегардад.

Дар доираи ин дастгирихо дар шаҳри Хучанд  бунёди муассисаи нави таълимӣ бо фарогирии 1300 нафар хонандагон идома дошта, барои таъмиру ба шароити замон мутобиқ намудани кӯдакистонҳои шаҳр низ тадбирҳо амалӣ мешаванд.

Бунёди мактаби наву замонавии сеошёна дар микроноҳияи          8-уми шаҳри Хучанд аз чумлаи икдомхоест, ки имрӯз корҳои сохтмонӣ дар он вусъат дорад. Аз рӯи лоиҳа мактаби нав аз 4 бинои асосӣ иборат буда, бо дарназаргирии шароити таълиму тарбия, варзишгох, ошхона ба хонандагону омӯзгорон шароити кору дарсомӯзӣ мухайё карда мешавад. Бо ин мақсад  аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд 13 миллион сомонӣ маблағ пешбинӣ наштааст. Мактаби нав дар махаллаи мазкур  бо дарназаргирии талаботи ин маҳалла- зиёд шудани хонандагон бунёд карда шуда, он имкон медихад, ки дар соли нави хониш то 1300 нафар толибилмон дар ду баст  таҳсил намоянд. Ба гуфтаи омӯзгорон мухайё будани шароитхои таълиму тарбия, майлу рағбати хонандагон ба илмомӯзӣ ва соҳибкасб шуданро зиёд менамояд.

 

WWW.khujand.tj