Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тибби шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Б.Исҳокӣ чорабинии сиёси - фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар он муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Аминҷон Шарифзода ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ ширкат варзиданд

Маликисломӣ Наим Мунаввар, раиси кумиҷроияи шаҳрии ҳизб зимни баромад таъкид дошт, ки рамзҳои давлатӣ, махсусан Парчами он муаррификунанда ва ифодакунандаи давлат ва халқу миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Бо ин рамзҳои давлатӣ Тоҷикистонро зиёда аз 135 давлати ҷаҳон шинохтааст.  Албатта ин ҳама пешравиҳо бо шарофати сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат бо сарварии Раиси муаззами ҳизб  Эмомалӣ Раҳмон   мебошад, ки   Тоҷикистон  дар арсаи байналмилалӣ нуфузу мақоми хосаро соҳиб шудааст. Мо бояд ҷавононро рӯҳияи баланди ифтихори миллӣ мисли эҳтиром доштан ба ин муқаддасот  тарбия намоем.

Номаи муборакбодии раиси кумиҷроияи вилоятии ҳизб Зуфар Исмоилзодаро ба ифтихори Рӯзи парчами давлатӣ Аминҷон Шарифзода ба самъи ҳозирин расонид.

Сипас аз ҷониби донишҷӯён барномаи рангини фарҳангиву адабӣ, ки саршор аз ифтихори ватандориву парчамдорӣ буд, пешкаши аҳли иштирокдорон гардонида шуд.

Дар охири чорабинӣ якчанд нафар фаъолони ҳизб бо сипосномаву тӯҳфаҳои хотиравии кумиҷроияи шаҳрӣ қадрдонӣ гардиданд. Ҳамчунин ба панҷ нафар шахсоне, ки қаблан барои дохил шудан ба сафи ҲХДТ бо ариза муроҷиат карда буданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.