Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд», ки бо маблағгузории Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд амалӣ хоҳад шуд, ба маркази вилоят – шаҳри Хуҷанд 25 адад автобусҳои замонавии истеҳсоли Федератсияи Россия ворид карда шуд.

Дар ин бора зимни машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ки чанде пеш дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо иштироки муовинони Раиси вилоят, сардори Раёсати ВКД дар вилоят, роҳбарияти шаҳри Хуҷанд ва масъулини соҳаи нақлиёт доир гардид, иттилоъ дода шуд. Раиси вилоят дар машварат ба масъулини соҳаи нақлиёт ва комуникатсия ҷиҳати истифодаи самараноки автобусҳои воридшуда ва беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Сипас, Раиси вилоят ба Корхонаи давлатии коммуналии «Нақлиёти ҷамъиятии Хуҷанд» ташриф оварда, автобусҳои воридшударо мавриди назар қарор дод. Тавре иттилоъ дода шуд, бо амалишавии пурраи лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд» ба маркази вилоят дар маҷмӯъ 100 адад автобус ворид карда мешавад ва дар марҳилаи аввал 25 автобус оварда шуд. Таъкид гардид, ки татбиқи лоиҳаи мазкур ва харидорӣ шудани нақлиёти мусофиркашон ҷиҳати беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонӣ ва аз байн бардоштани мушкилоти мавҷуда мусоидат хоҳад кард.

Автобусҳои воридкардашуда ҷавобгӯи талаботи замони муосир буда, ҳар як автобус дар як вақт метавонад беш аз 70 мусофирро ба манзил бирасонад. Тибқи иттилои масъулин автобусҳо дар 10 хатсайр ҳаракат мекунанд.

Раиси вилоят пас аз шиносоӣ ба масъулин ҷиҳати беҳтар намудани ҳолати қароргоҳи автобусҳо, муҳайё намудани шароит барои муоинаи техникии чунин навъи нақлиёт, ҷалби ронандагони ботаҷриба ба кор ва дар маҷмӯъ баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ супоришҳои мушаххас дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд