(андешаҳо доир ба вокуниши пайравони ТЭТ ҲНИ)

Маъракаи интихобот падидаи муҳим ва арзишманд барои демократикунонии ҳаёти ҷомеа ва ташаккули давлати демократию ҳуқуқбунёд мебошад. Ҳоло хушбахтона, халқи шарифи Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи кишварро (6 ноябри 1994) қабул намуданд, ки дурнамои пешрафти Тоҷикистонро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муайян намуд. Дар кишвари демократӣ халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва манбаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, интихобӣ будани мақомоти асосии давлатӣ хусусияти муҳими он мебошад. Интихобот дар низоми демократӣ яке аз муҳимтарин падидаҳоест, ки ифодаи ирода ва иштироки бевоситаи мардумро дар идора кардани давлат таъмин менамояд.

Тавре ба ҳамагон маълум аст санаи 1 марти соли ҷорӣ интихоботи вакилони Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин интихобот 7 ҳизби сиёсӣ фаъолона ширкат варзида, номзадҳои арзандаи худро пешбарӣ намуданд.

Дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ 4 миллиону 245 ҳазору 951 нафар-86,4 %-и шумораи умумии интихобкунандагон иштирок намуда, шумораи интихобкунандагоне, ки муқобили рӯйхати ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ овоз додаанд, 52 ҳазору 30 нафар, яъне 1,39 %-ро ташкил доданд.

Аз натиҷаи ин интихобот Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон (КМИР) иттилоъ дод, ки он чунин буд:

  • Ҳизби аграрии Точикистон – 700 ҳазору582 нафар16,50% -4 мандат
  • Ҳизби демократии Тоҷикистон -216 ҳазору 526 нафар 5,10% -1 мандат
  • Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон -705 ҳазору 252 нафар 16,61% -4 мандат
  • Ҳизби коммунисти Тоҷикистон – 132 ҳазору49 нафар3,11%
  • Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон –218 ҳазору 696 нафар 5,15% -1 мандат
  • Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон -13 ҳазору 735 нафар 0,32%
  • Ҳизби халкӣ-демократии Тоҷикистон-2139 741 нафар 50,40% - 12 мандат

Дар расонаҳои иттиилоотии мухолифини кишвар таҳти унвони “ҲХДТ президентро таин кард чанд пешниҳоди судманд роҷеъ ба интихобот” нашр намуданд, ки дар он идеи дасисаноки сохтакоронаи пайравони ТЭТ ҲНИ мушоҳида шуд. Ин афрод бо далелҳо ва пешниҳодҳои бардурӯғ ба пешрафт ва шукуфоии кишвари азизамон санги маломат мезананд.

Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми заминаҳои моддӣ ва ҳуқуқӣ барои дар сатҳи баланди ташкилӣ, ба таври демократӣ ва озоду шаффоф баргузор кардани интихоботи президентӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ин лиҳоз, иштироки фаъоли шаҳрвандон ва дигар субъектҳо дар ҷараёни интихобот муҳим арзёбӣ шуда, баҳри ояндаи дурахшони давлату миллат, сулҳу субот, ваҳдат ва амнияти кишвар масъулияти басо бузурги шаҳрвандист.

Шаҳрзод

аъзои ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд