Бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятии COVID -19 дар асоси дастуру вазифагузориҳои роҳбарияти олии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ба сокинони вилояти Суғд  Муроҷиатнома  қабул карда, аз шаҳрвандон даъват ба амал овард, ки дар ин рӯзҳои мушкил ба таҳлукаву  тарс дода нашаванд, балки бо риоияи гигиенаи шахсӣ саҳме дар рафъи ин беморӣ гузоранд.

Бо мақсади паҳни ин Муроҷиатнома кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд таҳти роҳбарии раиси кумиҷроия Маликисломӣ Наим Мунавар ва ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар ҳамаи 235 ташкилотҳои ҳизбӣ, муассисаҳои таълимиву фарҳангӣ ва тандурустӣ корҳоро вусъат бахшида, зимни тақсими Муроҷиатнома ва дигар варақаҳои раҳнамоӣ сокинонро ба оромиву сабурӣ даъват намуда истодаанд.

Зимнан таъкид шуд, ки бемории мазкур табобатшаванда аст ва пизишкони кишвар бо истифода аз имконияту дониши худ ба таври шабонарӯзӣ дар хидмати беморон қарор доранд.

Барои вусъати рафъи беморӣ шахсан Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ситодро роҳбарӣ намуда, бо амали ҷавонмардона ба ҷузъ он ки боз се миллион сомонӣ маблағ аз ҳисоби буҷаи вилоят барои харидории доруворӣ ва либоси махсуси тиббӣ ҷудо намуданд, ҳамчунин маоши якмоҳаи худро ба суратҳисоби мубориза ба ин беморӣ гузарониданд.