Бо мақсади саривақт дастрасӣ доштани аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ, расонидани иттилооти воқеӣ ба сокинон чандест, ки дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо иқдоми Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода Маркази тамоси вилояти Суғд оид ба масъалаҳои COVID -19 таъсис ёфтааст.

Ҷиҳати вусъати ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва кумиҷроияи вилоятии ҳизб дар мавриди пешгирӣ ва мубориза бо ин бемории сироятӣ ҳамарӯза 6 нафар иборат аз кормандони кумиҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, кормандони маркази тарзи ҳаёти солим ва Маркази санитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд дар хизмати мардум қарор доранд.

Тавре аз маълумоти имрӯза бармеояд, ба Маркази тамос 60 нафар имрӯз занг заданд. Қобили тазаккур аст, ки шумораи тамосмегирифтагон тамоюли зиёдшавӣ дорад. Аксаран тавассути тамос аз макони ҷойгиршавии беморхонаҳо пурсон шуда, ҳамчунин мехоҳанд аз маслиҳатҳои равонпизишкон истифода баранд,

Таъсиси марказ воқеан ҳам барои наздик шудани халқ бо мақомоти иҷроия пули мустаҳкаме гардидааст.