Аз рўи анъана ҳар сол рўзи якуми июн дар аксари кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон таҷлил мегардад. Ин сана солҳост, ки дар миёни мардуми мо ҳамчун яке аз рўзҳои муҳим маҳбубият дорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Рахмон дар яке аз баромадҳои худ бахшида ба Рўзи ҳимояи кўдак зикр дошта буданд:  «Набояд фаромўш кард, ки барои рушди ҳаматарафаи кўдак ва инкишофи ҷисмониву зеҳнии вай фазои орому озод, муҳити пурмуҳаббат ва эҳсоси ғамхорӣ нисбат ба ў лозим аст. Ояндаи ҷомеа дар дасти кўдакони имрўз аст, ки фардо ба воя расида, ҷомеаро идора мекунанд. Аммо онҳо чӣ гуна ба воя мерасанд ва ҷомеаро чӣ гуна идора мекунанд, аз мо - калонсолон вобаста мебошад. Инро бояд ҳар кадоми мо ҳамеша дар ёд дошта бошем. Яъне кўдакро мо бояд барои ҳаёти мустақилона дар ҷомеа ба таври шоиста омода кунем. Ўро бояд дар рўҳи сулҳдўстӣ, меҳнатдўстӣ, таҳаммулпазирӣ ва ахлоқи неку ҳамида тарбия намоем».

Воқеан, кўдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рўзгори ҳар як падару модар мебошанд. Зеро ба дунё омадани тифл дар ҳар як оила хушбахтиву иқболи нек меорад ва чун зангўлаи идомаи ҳаёт садо медиҳад.

Бахшида ба Рўзи байналмиллалии «Ҳифзи кўдак» аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар шаҳри Хуҷанд дар боғи Камоли Хуҷандӣ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ кўдаконро ба муносибати ин иди пуршукўҳ табрику муборакбод намуда, ба онҳо варақаҳои табрикотии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷандро тақдим намуданд