Тибқи нақша - чорабиниҳои шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд  бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар мавзӯи “ҲХДТ - беҳдошти халқ, пешгирии роҳҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ва ҷинояткорӣ”  бо як гурӯҳ фаъолзанон  вохӯрӣ доир гардид.

Дар рафти вохӯрӣ мудири шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд  Заррина Манонова оид ба мавзӯи вохӯрӣ зикр дошт, ки имрузҳо гурӯҳҳои терористиву экстремистӣ бештар ҷавонони сустирода, хусусан муҳоҷирони меҳнатии ба маблағ эҳтиёҷманду маърифати комилнадоштаро ба доми худ меафкананд. Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ махсусан дар байни муҳоҷирони меҳнати муҳим аст.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат баён кардаанд: «Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Тоҷикистон қарор дорад».   Вале дар самти татбиқи сиёсати давлатц вобаста ба ҷавонон  бояд кулли аъзои ҷомеа саҳмгузор бошанд.

 Баъди огоҳ намудани фаъолзанон аз хатарҳои ҷаҳони муосир Заррина Манонова дар симои онҳо аз падару модарон даъват ба амал овард, ки нисбати тақдири фарзандонашон, аз ҷумла онҳое, ки дар муҳоҷирати меҳнатц қарор доранд, бепарво набошанд ва ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.

Шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд минбаъд низ дар самти мазкур корбариро идома медиҳад ва корҳои фаҳмондадиҳиро тақвият мебахшад.