Тавре, ки иттилоъ дода будем, санаи 1 марти соли ҷорӣ интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар 64 участкаҳои интихоботии ҳудуди шаҳри Хуҷанд муташаккилона баргузор гардид.

Дар ин маъракаи интихоботӣ шаҳрвандон дар баробари вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси вакилони халқи вилоят, ҳамзамон вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷандро интихоб намуданд.

Бино ба иттилоъи Раиси комиссияи шаҳрии интихобот Хайрулло Нурматов дар 40 ҳавзаи шаҳр ҳамин миқдор вакилон интихоб шуданд. Ваколати вакилони тозаинтихоб дар аввалин иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати шашум тасдиқ мегарданд. Ҳамин тавр, Маъруф Муҳаммадзода, Раиси шаҳри Хуҷанд, узви ҲХДТ, аз ҳавзаи интихоботии Тиллокон, № 37; Абдуаҳат Ҳакимӣ- раиси кулли ҶДММ «Дороинвест», узви ҲИИТ, аз ҳавзаи интихоботии Сайҳун, № 27; Азимова Моҳира, директори литсейи физикӣ-математикии № 1 ба номи Осимӣ, узви ҲХДТ, аз ҳавзаи интихоботии Масҷиди Савр, № 3; Азимова Муқаддас, директори Муассисаи таълимии давлатии «Мактаб барои хонандагони болаёқат»-и шаҳри Хуҷанд, узви ҲХДТ, аз ҳавзаи интихоботии Сирандуд, № 39; Анварова Маърифат, мудири кафедраи филологияи араби факултети забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, узви ҲХДТ, аз ҳавзаи интихоботии Хубҷам, № 33; Атохонова Машҳура, мудири ширхоргоҳ-кўдакистони №28, узви ҲХДТ, аз ҳавзаи интихоботии Истиқлол, № 22; Болтуев Искандар, директори ҶДММ «Тоҳиров А.И.», узви ҲХДТ, аз ҳавзаи интихоботии Гулистон, № 15; Болтуева Заррина, соҳибкори инфиродӣ, узви ҲАТ, аз ҳавзаи интихоботии Темурмалик, № 38; Бобоев Илҳом, раиси кулли ҶС «Сатн», узви ҲХДТ, аз ҳавзаи интихоботии Тути калон, № 8; Ғайбуллозода Хайрулло – муовини якуми раиси шаҳри Хуҷанд, узви ҲХДТ аз ҳавзаи интихоботии Сари баландӣ, № 20; Ғафурзода Носир, директори генералии КВДК «Хуҷандобуканал», узви ҲХДТ, аз ҳавзаи интихоботии Мевағул, № 32; Ғафуров Иброҳим, роҳбари кулли ҶДММ «Ҷавонӣ», узви ҲХДТ, аз ҳавзаи интихоботии Дўстии халқҳо, № 24; Ғафуров Хуршед, директори генералии ҶДММ «КФ Фортуна-Ко», узви ҲХДТ, аз ҳавзаи интихоботии Раззоқ, № 1; Давлатов Маҳмадӣ, директори маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Суғд, узви ҲХДТ, аз ҳавзаи интихоботии Исмоили Сомонӣ, № 34; Зиёбоев Шерозҷон, муовини директори ҶДММ «Зиннат», узви ҲХДТ, аз ҳавзаи интихоботии Хуҷанд, № 9; Иброҳимзода Азимҷон- муассиси ҶДММ «7 Ганҷ», узви ҲХДТ, аз ҳавзаи интихоботии Пахтакор, № 5; Исмоилова Фарангис, мудири муассисаи таҳсилоти томактабии №3 «Ғунчаи Истиқлол», узви ҲХДТ, аз ҳавзаи интихоботии Сулҳ, № 18; Каримов Ҷумабой, муовини омири кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд, узви ҲХДТ, аз ҳавзаи интихоботии 1 Май, № 21; Каримов Мирзоҷамшед, роҳбари ҶДММ «Таҷ Пэт», узви ҲХДТ, аз ҳавзаи интихоботии Наврўз, № 36; Кенҷазода Манучеҳра, директори Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи омўзгории Донишгоҳи давлатии Ҳуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, узви ҲХДТ, аз ҳавзаи интихоботии Хуросон, № 29; Қаҳҳорзода Меҳрдод, мудири филиали №24 БДА «Амонатбонк» дар вилояти Суғд, узви ҲХДТ, аз ҳавзаи интихоботии Дуредгарон, № 6; Маликисломӣ Наим, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, узви ҲХДТ, аз ҳавзаи интихоботии Себзор, № 7; Мамадова Адибахон, директори Муассисаи давлатии «Маркази саломатии №1»-и шаҳри Хуҷанд, узви ҲХДТ, истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд, аз ҳавзаи интихоботии Қалъаи Хуҷанд, № 17; Махсудова Шоиста, директори генералии ҶДММ «Муродҷон-М»-и шаҳри Хуҷанд, узви ҲХДТ, аз ҳавзаи интихоботии Қорираҳмат Қурбонов, № 4; Мирзобаҳодурова Шаҳноза, декани факултети биология ва химияи Донишгоҳи давлатии Ҳуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, узви ҲХДТ, аз ҳавзаи интихоботии Ситора, № 13; Муҳидинов Ҳабибулло, сартабиби Муассисаи давлатии «Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд ба номи профессор Амонулло Орипов», узви ҲХДТ, аз ҳавзаи интихоботии Рифъат Ҳоҷиев, № 28; Набиҷонова Маҳфуза, сармутахассиси шуъбаи таҳсилоти фосилавии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон, узви ҲХДТ аз ҳавзаи интихоботии Суғдиён, № 31; Негматов Муйдинҷон директори ҷамъияти муштараки дорои масъулияташ маҳдуди «Олимпия», узви ҲХДТ, истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд, аз ҳавзаи интихоботии Рўдакӣ, № 12; Нуруллозода Фирўза- муовини Раиси шаҳри Хуҷанд, узви ҲХДТ, аз ҳавзаи интихоботии Дўстӣ, № 25; Пўлотов Абдуваҳҳоб, директори маркази савдои «Абдулазиз», узви ҲХДТ, аз ҳавзаи интихоботии Шарқ, № 14; Почоев Иномҷон, сардори истеҳсолоти риштарангкунии ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд», узви ҲКТ, аз ҳавзаи интихоботии Хебитат, № 40; Дилафрӯз Саидӣ, директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, узви ҲХДТ, аз ҳавзаи интихоботии Маҳастӣ, № 2; Салимова Мадина, мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, узви ҲХДТ, аз ҳавзаи интихоботии Чорчароғ, № 10; Самадов Сўҳроб сардори Идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд, узви ҲХДТ, аз ҳавзаи интихоботии Дониш, № 19; Собиров Собирҷон сартабиби Муассисаи давлатии «Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд ба номи С.Қутфидинов», узви ҲХДТ, аз ҳавзаи интихоботии Ваҳдат, № 30; Тўрахонов Фирдавсхон, сардухтури Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1-и шаҳри Хуҷанд, узви ҲХДТ, аз ҳавзаи интихоботии Содирхон Ҳофиз, № 16; Умаров Махсудҷон, сардори Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд, узви ҲХДТ, истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд, аз ҳавзаи интихоботии Ватан, № 35; Фаттозода Сарфароз-роҳбари намояндагии Корхонаи воҳиди давлатии «Ғалла», узви ҲХДТ, аз ҳавзаи интихоботии Навбаҳор, № 23; Ҷаборова Муҳиба, сармуҳосиби ҶДММ «МИН», узви ҲХДТ, аз ҳавзаи интихоботии Инқилоб, № 11 ва Муъмин Шарифзода, ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, узви ҲХДТ, аз ҳавзаи интихоботии Нури Аҷам, № 26 ҳамчун вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати шашум интихоб шуданд.

Дафтари матбуоти Раиси шахри Хуҷанд