Дар толори китобхонаи марказии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров  муаррифии китоби  тозанашри Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон «Забони   миллат-ҳастии миллат» бо иштироки устодону донишҷӯён баргузор гардид.

Ректори донишгоҳ Анвар Мақсудӣ нишастро оғоз намуда, аз ҷумла қайд кард, ки забони тоҷикӣ дар тӯли чандҳазорсолаи хеш бо вуҷуди он ҳама бархӯрд ва рӯйёрӯӣ бо чандин забонҳои тавонои дунё чеҳраи асили худро нигоҳ доштааст, ки ин далели тавоноии бунёдии ин шохаи забони ориёӣ аз даврони бостон то имрӯз мебошад.Имрӯз дар давлатдории навин мо ба асолати забони пуриқтидори хеш бармегардем. Забон дар тафовут аз забони омиёна ҳамеша омили муттаҳидкунанда ва ваҳдати миллати мо буд ва минбаъд низ чунин боқӣ хоҳад монд.

Анвар Мақсудӣ гуфт, ки чанде қабл китоби тозабунёди Сарвари кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Забони миллат-ҳастии миллат» ба нашр расид, ки роҷеъ ба тамоми ҷабҳаҳои таърихии забони тоҷикӣ бар асоси сарчашмаҳои маълуму дастрас, ахбору асноди дар муомилоти илмӣ машҳур ва андешаҳои дар миёни донишмандон роиҷ таҳия гардидааст. Китоб ҷанбаи маърифатӣ дошта, бо мақсади огоҳии бештари ҳамватанони азизи мо аз таърихи забони модарии хеш, бо сабки илмию оммавии қобили фаҳми табақоти  мухталифи ҷомеа навишта шудааст.

Дар китоб оид ба даврабандии таърихии забони тоҷикӣ, саргузашти таърихии вожаи «тоҷик» ва забони тоҷикӣ, забони тоҷикӣ дар давраи истилои араб ва нахустин сулолаҳои эронитабор, аҳди Тоҳириён, Саффориён ва эҳёи давлатдории миллӣ, куҳантарин намунаҳои хаттии забони тоҷикӣ, нахустин осори хаттии назму насри тоҷикӣ, замина ва омилҳои ташаккули забони адабӣ, забони илм ва ташаккули истилоҳот ва ғайраҳо маълумот дода шудааст.

Ҳадафи аслии муаллиф ин аст, ки хонандагон, махсусан насли навраси мо бояд ворисони арзандаи ин забон шуда, ин кохии муҳташамро  аз газанди боду борони замони ҷаҳонишавӣ нигоҳ дошта, то ҷойи тавон онро бо ғановати бештар ба наслҳои оянда мерос гузорад.

Сипас, доктори илмҳои филологӣ, мудири кафедраи забони тоҷикии донишгоҳ профессор Абдуҷамол Ҳасанов оид ба «Забони миллат-ҳастии миллат»- пажӯҳиши судманд дар тоҷикшиносоии муосир», баромад карда афзуд, ки як бахши асари мазкур ба хостгоҳ ва меҳани забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Дар ин қисми пажӯҳиш доир ба сарчашмаи забони тоҷикӣ, имрӯз дар се кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанги Тоҷикистону Эрону Афғонистон ба сифати забони расмӣ бо номҳои тоҷикӣ, форсӣ ва дарӣ дар гардиш қарор доштани он ахбори фаровон зикр гардидааст. Нишон додани сарчашмаи зуҳури ин забон, чунон ки дар асар низ таъкид гардидааст,  маънои онро надорад, ки «мо хостаем ин забонро дар маҳдудаи ҷуғрофии як минтақа қарор дода, ин ё он сарзамини интишори забонро нисбат ба дигар минтақа болотар гузорем. Забони тоҷикӣ, ба ақидаи мо, ҳар қадар барои як тоҷики Тоҷикистону Осиёи Миёна ҳамчун забони модарӣ муқаддас бошад, ҳамон қадар барои тоҷикону форсизабонони Афғонистону Эрон ва дигар минтақаҳо азизу гиромист.

Сармутахассиси раёсати корҳои илмӣ-тадқиқотии  донишгоҳ, номзади илмҳои филология Ромизи Абдуллоҳ дар мавзӯъи «Таҳқиқи ҷуғрофиёи интишори забони тоҷикӣ дар рисолаи «Забони миллат-ҳастии миллат»-и Эмомалӣ Раҳмон» маърӯза намуда, аз ҷумла гуфт, ки Рисолаи «Забони миллат- ҳастии миллат» идомаи мантиқии ҳамин гуна ҷусторҳои парчамбардору меросбари содиқи ин ганҷинаи бебаҳои тамаддуни ҷаҳонӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар марҳилаи комилан нави таърихӣ ба шумор меравад. Бо вуҷуди ин ки чунин мавзӯот дар доманаи ҳамин гуна тадқиқот таҳлилу баррасӣ шудаанд, вале ҷавҳари асосии пайкорҳои созандаи Пешвои миллатро дар ин замина бозгӯии ҷуғрофиёи таърихии халқи тоҷик, ки ҷузви пурифтихори он забони миллӣ ба шумор овардааст, ташкил медиҳад. 

Сипас, иштирокчиёни нишаст, аз ҷумла Абдулфаттоҳ Раҳимов, муовини ректори донишгоҳ оид ба таълим, Мӯсо Олимҷонов декани факултети филологияи тоҷик баромад намуда, роҷеъ ба мазмуну муҳтаво ва аҳамияти рӯзмарраи китоби «Забони миллат-ҳастии миллат» андешаҳои хешро баён доштанд.