Ҳизби Халқи Демократӣ 10 декабри соли 1994 дар марҳилаи басо муҳими таърихӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки дар давоми фаъолияти 20-солааш тавонист, ки ба бонуфузтарин, нерӯмандтарин ва сераъзотарин ҳизби сиёсии мамалакат табдил ёбад ва чун нерӯи бузурги тавоно ва созанда ба ҳисоб меравад. Дар Барномаи он омадааст, ҲХДТ, ки мафкураи сиёсию иҷтимоии онро аксарияти мардум тарафдорӣ мекунанд, тавонист дар бартараф намудани ихтилофҳои дохилӣ, барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳифзи истиқлолияти Тоҷикистон, ислоҳоти сиёсию иқтисодӣ, бунёду танзими сохторҳои гуногуни давлати навини тоҷикон саҳми муҳиму арзанда гузорад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун зодаи замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон худро ҳизби масъулиятшиноси таърихӣ медонад. Ва имрӯз бо боварӣ гуфта метавонем, ки ҲХДТ дар ҷомеаи демократии Ватани соҳибистиқлоламон нисбат ба 7 ҳизби сиёсии амалкунандаи дигар бартарияти бештари сиёсиро соҳиб буда, бо татбиқи нақшаву мақсадҳои худ дар таҳкими ваҳдати миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, суботи сиёсӣ ва ба корҳои ободонию созандагӣ ҳидоят намудани мардум саҳми муносиб дорад. Агар бо роҳи тайнамудаи ҲХДТ нигарем болидахотирию қаноатмандии халқи бузургамонро ҳис менамоем. Роҳи интихобнамуда ва тайкардаи он пойяҳои истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишварамонро хеле устувор намуд ва Ватани азизамон дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ чун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва рӯ ба инкишоф эътироф гардида, обрӯю эътибори баланд пайдо кард. Тарҷибаи сулҳи тоҷикон дар олам беҳтарин дониста шуда, мавриди омӯзиш қарор гирифт ва тоҷикону тоҷикистониён бо ин дастовардҳо ифтихор доранд. Тавре Раиси ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ соли 2005-ум таъкид намуданд, замони имрӯза тақозо мекунад, ки ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бояд субъектҳои фаъол ва созандаи ҷомеа бошанд. Ғояҳои барномавӣ ва ҳадафҳои сиёсии худро дар ҷомеа ташвиқу тарғиб карда, ҷонибдорону ҳаммаслакони худро пайдо кунанд, барои ояндаи халқу кишварамон хизмат намоянд. Ҳизби мо ҷонибдори рақобати солими сиёсӣ ва ҳамкорӣ бо аҳзоби дар чорчӯбаи Конститутсия (Сарқонун) ва қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон мебошад. Барномаи ҲХДТ муҳимтарин самтҳои рушди мамалкатро дар солҳои 2015-2020 дар бар мегирад ва аз лиҳози таҷрибаи сиёсӣ ва сиёсати давлатдорӣ мукаммалу пурра аст. Бинобар ин дар барномаи ҲХДТ ба соҳаи иқтисодиёт, рушди он, иҷтимоиёт, паст намудани сатҳи камбизоатӣ, рушди комплекси энергетикӣ, рушди босуботи минтақаҳои кишвар, масъалаҳои муносибатҳои бахши хусусиву давлатӣ, пешбурди сиёсати самараноки молиявӣ, ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва рушди соҳибкорӣ, инкишофи инфрасохтори коммуникатсионии мамлакат ва пайваст намудани он бо шабакаҳои коммуникатсионии минтақавию ҷаҳонӣ, боз ҳам беҳтар намудани идоракунии давлатӣ ва тақвияти низоми ҳамоҳангсозии сиёсати рушд ва дигар вазифаҳоро мувофиқи мақсад шуморида барои баланд бардоштани некӯаҳволии мардум ва баробар шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мамалакатҳои пешрафтаи ҷаҳон аҳамияти махсус дода мешавад. Новобаста аз вазъи мураккаби сиёсии ҷаҳонию минтақавӣ коҳишёбии иқтисодёти шарикони тиҷоратии мо рушди соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ ва нишондиҳандаҳои мусбии кишварамон таъмин шуда истодааст. Масалан, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар аз ҳисоби рушди соҳаи саноат 105 фоизро ташкил кард, кишоварзӣ – 104,5 фоизро ташкил дод. Бахши хусусӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ сол аз сол зиёд шуда истодааст, ки он дар соли 2014 зиёда аз 69 фоизро нишон дод. Ин ҳама гувоҳи пешравии иқтисодиёти мамлакат ва баланд шудани сатҳи зидагии мардумро ифода менамояд. Аз ин рӯ метавон гуфт, ки узви ҲХДТ будан, барои амалӣ сохтани мақсаду мароми барномаи ҳизби сиёсӣ, ки сарвараш Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд, шарафи бузург ва боиси ифтихормандии ҳар як шаҳрванд аст. Ман чун зодаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва олимаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон то ҳадди имкон дар пешрафту ободинии Ватанам ҳиссаи худро мегузорам ва ба тарафдории ҲХДТ овоз медиҳам. Дар пеш маъракаи муҳими сиёсӣ-интихоботи Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ истодааст. Аз ҳар як фарди ватандӯсти кишвар даъват карда мешавад, ки баҳри рушду ободӣ, фазои орому осоишта, ваҳдату ҳамдилӣ ва зиндагии арзанда - рӯзи 1 марти соли ҷорӣ ба тарафдории номзадҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон овоз диҳанд.

Мудири кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ н.и.с., дотсент Акмалова М.А.