Санаи 21.02.2015 дар толори «Маркази фарҳанг»-и шаҳри Хуҷанд вохӯрии номзадҳо аз ҳисоби занон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллӣ, ки аз тарафи ҲХДТ аз шаҳри Хуҷанд пешниҳод шуда буданд, бо ҷавондухтарону фаъолазанҳои шаҳр баргузор гардид. Вохӯриро Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва бо номзадҳои аз тарафи ҳизб пешниҳод гардида шинос намуд. Мусаллам аст, ки таи даҳсолаи охир Тоҷикистони азизи мо ба сӯи арзишҳои олии иқтисодиву сиёсӣ, фарҳангию маънавӣ қадамҳои устувор мегузорад. Мо мардуми шарифи тоҷик шукргузор аз қисмат ҳастем, ки бо ҳидояти Президенти мамлакат, Раиси муаззами ҲХДТ, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо муҳимтарин барномаҳои муассирро барои пешрафти ҳаёти ҷомеа ба шоистагӣ татбиқ намуда, нуфузи мамлакати моро дар арсаи кишварҳои ҷаҳон боло мебардорад. ХХДТ дар ҳамаи ҷанбаҳои фаъолият, аз ҷумла пешбарии номзадҳо ба вакилӣ, иштирок дар фаъолияти Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ тавассути намояндагони худ дар доираи меъёрҳои муқарарнамудаи Конститутсия ва қонунгузории амалкунанда барои расидан ба ҳадафҳои хеш саъю талош хоҳад кард-афзуд дар суханрониаш Раиси кумиҷроияи шаҳрӣ Наим Маликисломов. Сипас номзадҳо ва шахсони боваринокашон дар назди интихобкунандагон дар бораи Барномаҳои пешазинтихоботиашон, ки дар асоси Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ таҳия шудааст, маълумот доданд. Вохӯрӣ бо пешниҳод ва суолу посухҳо ба анҷом расид.