Мувофиқи ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд оид ба баргузории маҷлисҳои ташкилотҳои ибтидоӣ ҷиҳати интихоби вакил ба Конференсияи 22 –юми ҳисоботӣ- интихоботии Кумиҷроияи шаҳрӣ дар кумитаи иҷроияи ибтидоии «Сомон» бо иштироки беш аз 200 нафар аъзоёни ҳизб Конференсия баргузор гардид.

Раиси кумитаи иҷроияи ибтидоӣ Шарифзода Муъмин чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, дар бораи нақш ва мақоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсии кишвар сухан ронда, зикр дошт, ки дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон санаи 27 сенябри соли равон роҳбари муаззами ҳизб Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди кормандони масъули ҳизбӣ вазифаҳои муҳим гузоштанд. Таъкид шуд, ки ҳизбиён бояд бо меҳнати созандаву ободкории хеш барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҳар вақта дида бештар саъю талош варзанд.

Бо назардошти ин дастуру ҳидоятҳои Роҳбари муаззами ҳизб бояд фаъолияти ташкилот чашмрасу дархури ниёзҳои аъзоён бошад.

Сипас, тариқи овоздиҳӣ 22 нафар фаъолони ҳизб ба конференсияи 22 – юми  ҳисоботӣ- интихоботии Кумиҷроияи шаҳрӣ вакил интихоб шуданд.

Дар фуровариди кори конференсия Шарифзода Муъмин барои таҳкмми фаъолияти минбаъдаи кори кумитаи иҷроияи ибтидоӣ ба масъулин вазифаҳои мушаххас дод.