Дар асоси супориши Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд санаи 23-юми май гурӯҳи корй дар ҳайати сармуҳосиби Кумиҷроияи вилоятии ҳизб Ғуфронҷон Дадобоев, сармуҳосиби Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Дилбар Ҷаҳонгирова ва аъзои Шӯрои собиқадорони ҳизб Ӯғулой Умаралиева дар маркази вилоят фаъолияти як қатор ташкилотҳои ибтидоиро мавриди омӯзиш ва санҷиш қарор дод.

Мақсад аз гузаронидани санҷиши мазкур аз наздик шинос шудан бо фаъолияти молиявии ташкилотҳои ҳизбӣ, ҳолати коргузорию ҳуҷҷатнигорӣ, рафти корҳои ташвиқотию тарғиботӣ, ҷалби аъзои нав ва омодагӣ ба маъракаҳои муҳими сиёсии дарпешистода буд.

Гурӯҳи кории санҷишӣ дар умум бо фаъолияти ҳизбӣ дар ҶСК “Сомон – Суғд”, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Беморхонаи вилоятии клиникавии ба номи Сангин Қутфиддинов ва Корхонаи муштараки “Нику – Хуҷанд” аз наздик шинос шуд. Дар мавриди ошкор гардидани камбудию норасоиҳо ба масъулин ҷиҳати ислоҳи саривақтии онҳо дастуру маслиҳат дода шуд.

Дар доираи санҷиш аъзои гурӯҳи корӣ оид ба ҷалби аъзои нав ба сафҳои ҲХДТ низ корбарӣ намуданд. Дар натиҷаи ташвиқоту тарғибот ва роҳандозӣ намудани корҳои иттилоотӣ 30 нафар кормандони Корхонаи муштараки “Нику – Хуҷанд” тасмим гирифтанд, ки аъзои ҲХДТ мешаванд ва ташкилоти ибтидоии худро таъсис медиҳанд.

Тибқи нақша ҳамин гуна санҷишҳо дар дигар ташкилотҳои ибтидоӣ низ марҳила ба марҳила гузаронида мешаванд.