Дар толори Гимназияи рақами 1-и шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатии ташкилоти кумитаи иҷроияи ибтидоии “Истиқлол” доир гардид.

Муҳайё Акмалхӯҷаева, муовини раиси кумитаи иҷроияи ибтидоии мазкур оид ба фаъолияти семоҳаи кори ташкилот ва саҳми кумиҷроияи ҳизбӣ дар корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, зикр дошт, ки фаъолияти кумиҷроияи ибтидоӣ дар асоси нақша-чорабиниҳои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд роҳандозӣ гардида, дар давраи ҳисоботӣ 70 нафар шумораи аъзои ҳизб афзуда, дар маҷмуъ дар назди кумиҷроияти ибтидоӣ алҳол теъдоди аъзо ба 2520 расида, он дар 67 ташкилотҳои ибтидоӣ  сарҷамъ шудаанд. Бояд зикр сохт, ки дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии кумитаи иҷроияи ибтидоии “Истиқлол” маҷлисҳои ҳисоботӣ доир гардиданд.

Ҳизбиён дар ободонию созандагӣ саҳми бештар мегузоранд. Ташкилотҳои ибтидоӣ  дар рӯзҳои истироҳатӣ ба ҳашари дастҷамъона баромада, дар сабзкорию гулпӯш намудани кӯчаву хиёбонҳои шаҳр, назди муассисаҳои таълимиву тиббӣ ҳиссагузорӣ менамоянд.

Дилором Юлдошева, аъзои фаъоли ҳизб дар идомаи ҷаласа мавсуф оид ба тадбирҳои пешгирии бемории сироятии коронавирус маъруза намуда, афзуд, ки имрӯзҳо дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоӣ ҷиҳати пешгирӣ аз ин беморӣ корҳои профлактикӣ пурзӯр карда шудааст. Гуфта шуд, ки  тибқи тавсияҳои  мутахассисони соҳаи тандурустӣ  ба риояи гигиенаи шахсӣ, таъмини  утоқҳои корӣ ва синфхонаҳо бо маводҳои  антисептикӣ, поккориҳо дар синфхонаҳои таълимӣ, шустани дастон бо собун ва маҳлулҳои  поккунанда васеъ истифода намоянд.

Сипас,  дар ин бора ба ҳамагон варақаҳои таблиғотӣ оид ба пешгири бемории сироятии коронавирус ва нишонаҳои пайдоиши он дастрас карда шуд.    

Дар идомаи кори ҷаласа муовини раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода иштирок ва баромад намуда, дар баробари масъалаҳои умдаи соҳаи мактабу маориф барои боз ҳам хубтар ба роҳ мондани равобити кумиҷроияи ибтидоии шаҳрӣ бо мардум дастуру ҳидоятҳо дод.

Бо вазифагузорӣ ва муайян намудани ҷанбаҳои минбаъдаи фаъолият кумиҷроияи ибтидоӣ ҷаласа ба кори худ хотима бахшид.