Ба ифтихори 25 солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо якчанд фаъолону собиқадорон вохӯриҳо доир намуда, онҳоро бо Сипосномаю Ифтихорномаи кумиҷроия ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ намуда истодаанд.

Бо ҳамин мақсад вохӯрии мудири шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маҳмадсалим Ҳаитов бо раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар кумитаи маҳаллаи «Ҷаббор Расулов»-и шаҳри Хуҷанд Бурҳон Каримов баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ оид ба фаъолияти пурсамар дар ташвиқу тарқиби ғояҳои созандаи ҲХДТ ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ба раиси ташкилоти ибтидоӣ изҳори миннатдорӣ карда шуда, дар як навбат ба номбурда Сипоснома ва тӯҳфаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд тақдим карда шуд.