Дар ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар «Коллеҷи санъат»-и ба номи С.Ҳофиз маҷлиси ҳисоботӣ интихоботӣ баргузор гардид, ки дар он раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов ширкат варзид. Дар ин маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии мазкур оид ба «Фаъолияти нӯҳмоҳаи ташкилоти ибтидоӣ» шунида шуд. Аъзоёни ҲХДТ дар Коллеҷи санъат якдилона ба вакилии Конференсияи КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд раиси ташкилоти ибтидоӣ Мунира Мансуроваро интихоб карданд. Инчунин дар ин маҷлис Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов оид ба 20-солагии қабули «Сарқонун»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20-солагии ҲХДТ сухан ронда, таъкид намуд, ки аъзоёни ҲХДТ бояд дар ин маъракаҳои муҳим фаъолона ширкат варзанд ва саҳми босазои худро гузоранд.

Тибқи ҷадвали тасдиқгардида ҳамин гуна маҷлисҳои ҳисоботӣ- интихоботӣ дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардиданд, ки дар ин маҷлисҳо ба Конференсияи XIV-уми Комиҷроияи шаҳрӣ вакилон интихоб карда шуданд.