Бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти ҳавзаву участкаҳои интихоботӣ имрӯзҳо аъзоёни Ситоди пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба ҳамаи ҳавзаҳо ва участкаҳои интихоботӣ сафарбар гардида, дар рафти бақайдгирии номзадҳои пешбаринамудаи ҲХДТ кӯмаки худро расонида истодаанд.

Бо чунин мақсад имрӯз намояндагони Ситоди пешазинтихоботӣ Эҳсон Исоев Олимҷон Норматов аз фаъолияти ҳавзаи интихоботии «Ҷаббор Расулов»№ 6 ва участкаи интихоботии №24 дидан намуда, дар ҳамкорӣ бо номзадҳо ҳуҷҷатгузориҳоро ба расмият дароварданд