Дар асоси мактуби Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва дастуру супориши Кумиҷроияи Вилоятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  якчанд донишчуёни донишгоҳи мазкур таҷрибаомӯзии худро дар Кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд   гузаронида истодаанд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар дар ибтидо бо таҷрибаомӯзон вохӯрӣ доир намуда, дар бораи фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маълумоти муфассал дод.

Кормандони шӯъбаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд  кӯшиш бар он доранд, ки малакаи кории худро ба таҷрибаомӯзон омӯзонанд ва ба онҳо дар ҷодаи фаъолияти минбаъдаашон заминаи мусоид фароҳам оваранд.

Таҷрибаомӯзии донишҷуён дар кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд идома дорад.