Бо мақсади ошноӣ пайдо намудан аз шароит ва рафти хизмати афсарону сарбозони қисмҳои низомӣ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд бо якчанд нафар фаъолазанҳои шаҳр ба қисмҳои низомии шаҳри Панҷакент ташриф оварданд. Дар вохӯриҳо раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов ба тамоми афсарону сарбозон барои хизмати софдилонаашон изҳори миннатдорӣ намуда, ба онҳо барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва бо сарбаландӣ ба анҷом расондани хизмати Модар- Ватан муваффақият орзу кард ва тӯҳфаҳои ҳизбиро тақдим намуд.