Анъана ва ҷашну маросим барои инсонҳо маънои зиндагӣ ва ҷузъи асосии ҳаёт маҳсуб ёфта, танзим ва риояи он ба беҳтар шудани шароити зиндагии мардум, мустаҳкам ва бой гардидани хазинаи оила оварда мерасонад. Хазинаи оила, ки бой шуд, ҷамъият низ аз он суд мебардорад.

Ба қавли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Гузаронидани ҷашну маросимҳо набояд ба бад шудани шароити иҷтимоии оилаҳо оварда расонад», - ин ва дигар нуктаҳои мубрами машварати Сарвари давлат бо фаъолони кишвар дар мулоқоти навбатии намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар ташкилоти ибтидоии «Дармонгоҳи касалиҳои пӯст» доир гардид, ки хеле судманду саривақтӣ арзёбӣ гардид.

Иштирокчии бевоситаи машварати назди Сарвари давлат аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Мукаррамахон Бузрукова дар баромади худ иброз дошт, ки занон бояд дар риояи Қонун ва сарфаи харҷи рӯзгордорӣ масъул ва пешсаф бошанд ва даъват ба амал оварданд, ки дар ҳама шаҳру ноҳияҳо озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор намоянд.

Дар фароварди мулоқот мудири шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Зеварой Бобоева таъкид намуд, ки мо бояд минбаъд барои боз ҳам беҳбудӣ бахшидан ба ҳаёти иҷтимоии мардум, ба роия ва рафти амалишавии Қонуни мазкур сайъю кӯшиш намуда, барои ваҳдат, созандагиву бунёдкорӣ ва зиндагии шоистаи мардум камари ҳиммат бубандем.