Дар заминаи нақшаи кории лоиҳаи моҳномаи Қаҳрамони Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон санаи 26 сентябри 2016 дар толори маҷлисгоҳи  бинои нави таълимии донишгоҳ  конференсияи илмӣ- назараиявии устодону муҳассилини факултетеи молия таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон ва масъалаҳои худшиносии миллӣ»  ба вуқўъ пайваст. Конференсияи илмӣ- назариявӣ бо сухани  муқаддимавии  декани факултет, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Н.Н.Қаюмов оғоз ёфта, ҳозирин нахуст маърўзаи пурмуҳтавои доктори илмҳои филологӣ, профессор Т.С.Шокировро дар мавзўи «Худшиносии миллии ҷавонон ва забон» шуниданд.

Дар идомаи конференсия мудири кафедраи назарияи иқтисодӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор А.М. Раҳимов вобаста ба мавзўи «Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

- роҳнамои рушди устувори иқтисодии кишвар» ва мудири кафедраи забони русӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Д.Д. Мирзоева перомуни мавзўи «Эмомалӣ Раҳмон- рушдбахшандаи  низоми муосири маорифи мамлакат» бо далелу санадҳои мушаххас маърўзаҳои илмӣнамуданд.

 Донишҷўи соли сеюми факултети молия  И.Холиқов аз сиёсати хирадмандонаи  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ғамхориҳои рўзафзун нисбати ҷавонони кишвар ҳарф зад.

Дар пайванд ба  андешаҳои маърўзачиён ректори донишгоҳ, доктори илмҳои таърих Ҷ.Ҷўразода муфассал сухан карда, баргузории чунин конференсияҳои илмӣ- назариявиро дар факултетҳои донишгоҳ муфид арзёбӣ намуд. Зикр гардид, ки ҳаёти ибратпазир ва фаъолияти вусъатбори Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далели раднопазири асолати худшиносӣ дар таҳкими давлатдории миллӣ, тарғиби арзишҳои волои ниёгон, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва рисолати пешоҳангӣ аст.