Миллати шарафманду бо нангу номуси тоҷик дар фосилаи таърихи чандинҳазорсолаи хеш аз ҳуҷумҳои ногаҳонии «фарзандони худ» ҷабри зиёд дидааст. Ба ёд орем қаҳрамониву бебокии Темурмаликро, вале  кӯрдилону носипосон дар ҳамон давра низ ба хотири манфиатҳои хеш мулкро ба дасти чингизиён дода буданд. Ин ашхоси буздилу риёкор имрӯз низ дар хуни Муҳаммалиқболи Садриддин барин хоинони миллат шарён дорад. Исботашро мо тайи чанд соли охир дар симои ин хоинон дида истодаем.

Дар марҳилаи ҷаҳонишавии давлатҳову тамаддунҳо, вазъи ноороми сайёра, тағйир ёфтани раванди зиндагӣ дар паноҳи хоҷагони хориҷӣ дину мазҳаб, Ватану миллат ва падару модари худро фурӯхта, бо роҳи дуррӯғбофию бӯҳтонзанӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бадном сохтани ин зумраи хиёнатпеша ва чандин оқипадарони дигар далели бешарафии онҳост.

Ин беиқболи нотавон тавре худ дар мақолаҳои подарҳавояш менигорад аз маъруфтарин лагандбардорон ва аз мунофиқтарин “сарбозони ҷонфидо”-и  ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати ислом ва хоҷагони хориҷӣ маҳсуб ёфта, имрӯз  бо суханҳои  иғвоангези худ ба қавле «ситора» шудааст. Филми мустанади “Бешараф”, ки тариқи телевизионҳои кишвар рӯи навор омад, чеҳраи аслии ин бешарафи миллатро кушода дод.

Номбурда худро донандаи асили ислом муаррифӣ намуда, аз дину диёнат сухан карда, мардумро ба гумроҳи бурда, бо истифода аз эҳсосоти дини мардум  аз даҳҳо нафар шахсон ба хотири ба даст овардани манфиат маблағ гирифтааст. Моҳи августи соли гузашта ба прокуратураи генералӣ чанд нафар бо аризаи шикоятӣ даъво намуданд, ки аз онҳо  маблағи пулии калон гирифта, барнагардонидааст. Дар маҷмўъ ин қаллоб аз  мардум ба хотири қонеъ намудани нафсонияташ 430 ҳазор доллар маблағ гирифтааст. Ва онро имрӯз ба манфиати худу дӯстонаш масраф карда истодааст.

Ин хоини ватанфурӯш  пеши худ мақсад мегузорад, ки дар ҳаққи кӣ тӯҳматнома нависад. Ӯ банди нафсу пулҳои ҳангуфти хоҷагони хориҷӣ шуда, вазифааш аз субҳ то шом гирд кардани ахбори бардурӯғ ва санги маломат задан ба сари ин ё он нафар аст. Ботини ӯ пур аз бухлу ҳасуд аст. Маҳз ҳасудхӯриаш, нодида гирифтани дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ аст, ки имрӯз ба бешарафӣ ном баровардааст.   Аммо яқин, ки ӯ ба хотири манфиатҳои хешу дӯстонаш миллати худро кайҳо фурӯхтааст. Агар Муҳаммадиқбол  заррае ҳам нангу номус медошт, агар Ватанашро бо дил дӯст медошт, (ҳамонгуна ки дар нигоштаҳояш меорад). чунин тӯҳмату бӯҳтонро дар ҳаққи чеҳраҳои маъруфи кишвар намекард.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз чанд сол қабл, зимни мулоқоташон бо намояндагони ҷомеаи кишвар вобаста ба хатарҳои замони муосир изҳори андеша намуда, аз ҷумла чунин гуфта буданд:   «Дар ҷомеаи муосир терроризму ифротгароӣ дар минтақаву кишварҳои гуногуни олам  торафт доман густурда, боиси ҳар рӯз ба ҳалокат расидани садҳо нафар аҳолии осоишта ва сарсону овора шудани ҳазорҳо одамони бегуноҳ гардида, зуҳуроти мазкур бар асари сиёсӣ намудани ислом ҳоло ба таҳдиди бузурги ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Бадхоҳони миллати мо ҳанӯз ҳам бо дасти гумоштагону зархаридонашон, яъне хоинони миллат, ки дар хориҷа қарор доранд, бар зидди давлатамон фаъолият карда истодаанд. Зархаридону хоинони миллат, ки имону мазҳаби худро фурӯхтаанд ва тавассути расонаҳои хабарии ташкилкардаи хоҷагони хориҷии солҳои 90-умашон бар зидди мардум ва таъриху фарҳанги халқи бостонии худ туҳмат мебофанд, бехабаранд, ки теша бар решаи хеш мезанад. Мардуми тоҷик инро бояд донанд. Маҳз барои ҳамин ман доим таъкид мекунам, ки мо бояд ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳем».

Ҳаводиси охир, паҳншавии бемории сироятӣ ва таъсири он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бори дигар ин ҳақиқатро собит сохт, ки ҷаҳони муосир ниҳоят тағйирёбанда аст ва шиддати ин хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ имрӯз ҳам  паст нашудааст. Мубориза ба муқобили терроризму экстремизм ва дар умум ҳамаи падидаҳои номатлуб ва хатарҳои ҷаҳони муосир дастҷамъӣ ва муттаҳидии тамоми аъзои ҷомеаро, аз ҷумла аъзоёну фаъолони ҷомеаро тақозо менамояд.

Имрӯз Тоҷикистони азиз бо ибтикору дастгириҳо ва заҳматҳои доимии Пешвои муаззами миллат ва бо саҳмгузории пайвастаи сокинони шарафманди мамлакат ба кишвари ободу зебо табдил ёфтааст. Дар натиҷаи иқдомҳои ҳадафмандона рушди устувори миллӣ дар кишвар таъмин гардида, ҷиҳати беҳдошти зиндагии мардуми кишвар шароити беҳтарин фароҳам гардидааст.

Дар оянда низ бо истифода аз мактаби созандагии Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои миллату давлат, таҳкими истиқлолият, рушди иқтисодиёти миллӣ, пойдории иҷтимоӣ ва суботи сиёсии кишварамон, ҳамзамон, баҳри баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум тамоми нерӯ ва имкониятҳои мавҷударо сафарбар менамоем.

Дар оғози соли нави мелодӣ, ки соли ҷашнҳои бузурги миллат, аз ҷумла 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар маъракаҳои муҳими сиёсии дарпешистода моро зарур аст, ки аз пештара бештар фаъол ва ҳушёру зирак бошем. Тамошои филми «Бешарафӣ» дар самти мазкур, шинохтани дӯсту душман, муқовимат бо терроризму экстремизм, ҳидояти ҳамдигар ба бунёдкорию созандагӣ метавонад ба мо сабақи бузург диҳад.

Ба ин нафарон гуфтанием, ки мо мардуми шарифи Тоҷикистон якдилу яктанем, руҳи шикастнопазир дорем, чунки Пешвои маҳбуб дорем. Миллати моро шикаст доданд амрест маҳол, зеро беху бунаи онро халқи азиз махқам доштаст. Ин парвардаи  наҳзатиҳои террористӣ ягон вақт пирӯз наҳоҳанд шуд. Баръкс ҳамон қадаре, ки моро сиёҳ мекунанд, ҳамон андоза мо пурқуввату нерӯманд мешавем. Имрӯз миллат соҳиб дорад. Соҳиби он халқи ваҳдатшиору заковатпеша. Барои мо беҳтарин неъмат сулҳу осоиш ва дур будан аз риёкорист. Зеро риёкору ватанфурӯшро Худо низ нахоҳад бахшиду миллат низ.

 

Гулбаҳор Назирӣ,

 

вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

муовини якуми Раиси Фраксияи ҲХДТ, доктори илмҳои иқтисодӣ.