Дар назди маркази саломатии шаҳрии №2-и  шаҳри Хуҷанд бахшида ба рӯзи саломатӣ, ки ҳамасола дар ибтидои моҳи апрел гузаронида мешавад, 7 апрели соли 2017 гурӯҳи табибон ба шахсони бемор ройгон хизматрасонӣ намуданд.

Ба беморон табибони гӯш, гулӯ, бинӣ, ташхиси сабти кори дил (ЭКГ), осебшинос, ҷарроҳ, ғадудшинос, таҳлилҳои биокимиёвӣ – клиникавӣ, асабшинос ва тибби оилавӣ хизматрасонӣ намуда, маслиҳатҳои худро доданд.