Рӯзномаро оинаи миллат меноманд. Нақши босазо ва муассири ВАО, хусусан, рӯзномаву маҷаллаҳо дар боло рафтани сатҳи маърифатӣ-ҳуқуқии мардум ва дар ин радиф, ҷалби бештари қишрҳои гуногуни ҷомеа дар кори давлатдорӣ, дарки масъалаҳои ҳалталаби ҷаҳон ва муаррифии кишвари азиз  - Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ калон аст.

         Маҳз тавассути рӯзномаву маҷаллаҳо ғояҳои созанда ва бунёдкоронаи ҳизбҳо, ки феълан дар шароити муборизаҳои осоишта фаъолият мебаранд, амалӣ мегардад.

Пирӯзӣ ва муваффиқияти ҳизбу ҳаракатҳо дар шароите ба миён меояд, агар ҳар яке соҳиби фазои бештари иттилоот гардад.

Сухани воло, ибрози назари нек, тарғиби ташаббусу ибтикори созандаву бунёдкорона баҳри зиндагии осоишта мароми аслии рӯзномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсуб меёбанд.

         Имрӯзҳо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд кӯшиш ба харҷ медиҳад, дар маъракаи “Обуна - 2019” ба рӯзномаҳои “Минбари халқ”  ва “Сухани халқ” саҳми арзанда гузорад.

         Маъракаи обуна дар ташкилотҳои ибтидоии “Беморхонаи физиотерапевтии ҷумҳуриявӣ” ва “Маркази солимгардонии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ”; ки ташкилотҳои бонуфузи ибтидоӣ дар КИ ҲХДТ дар ш. Хуҷанд маҳсуб  меёбанд, хеле хубу шоиста ба роҳ монда шудааст.

         Ба андешаи Раиси ТИ “Маркази солимигардонии иштирокчиёни ҶБВ” Ҷабборов  Мӯҳсин: “Рӯзномаҳо минбари мост, зеро тариқи ВАО мо – аъзоёни ҳизб ва ҷонибдорони он байни якдигар ибрози андеша менамоем, аз кору пайкори ҳамдигар воқиф  мегардем, барои рушди босуботи Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми босазои хешро мегузорем!”