Дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки бештар аз 15 ҳазор донишҷӯёну устодон ва муҳассилини макотиби олӣ ва миёнаи махсуси маркази вилоят роҳпаймоӣ ва ҳамоиши ҷавонон ба ҷонибдории қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдат ва Пешвои миллат баргузор гардид. Аз субҳи барвақт ҷавонон аз ду самти хиёбони ба номи Исмоили Сомонӣ бо шиору хитобаҳо ва акси Пешвои миллат роҳпаймоӣ намуда, ба назди муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ ҷамъ омаданд. Ҳамроҳи ҷавонон дар ҳамоиш ҳамчунин муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ, Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода, роҳбарияти тамоми муассисаҳои таълимии олӣ ширкат намуданд. Баъди садо додани Суруди миллӣ ва ҳамовозии кули иштирокдорон ба он дар назди ҳозирон муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ баромад намуд. Устоди Донишгоҳи Давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Ҳабибулло Тоатов бобати аҳамияти ин санади муҳим ва манзалати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон сухан ронда, ҷонибдории зиёиёни вилоятро нисбати ин қонун иброз намуд. Магистранти Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Эраҷ Шодиматов шеъри худро дар васфи Пешвои миллат қироат намуд. Сардори Раёсати Ҷавонон варзиш ва сайёҳии влояти Суғд Зариф Мирдадоев матни мурочиатномаи ҷавонони вилоятро баҳри ҷонибдории қабули қонуни зикргардида пешкаш намуд.