Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо лоиҳаи қонуни худ масъалаи Пешвои миллат донистани Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, мӯхтарам Эмомалӣ Раҳмонро дида баромада, онро бо баромадҳои пурмӯҳтавои вакилон ва овоздиҳии кушод пурра маъқулдор ҳисобид. Ин рӯзи таърихӣ барои ҳар яки мо Тоҷикистониён шарафи бузург аст. Дар ҳақиқат Президенти мамлакат кайҳо ба ин шарафи бузург мерзиданд. Бояд гуфт, ки ба бахти мо Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ, ки соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд барпо гардида буд, шахсеро ба вазифаи Сарварии давлат пешниҳод намуд, ки он кас тавонистанд дар оянда ҳамчун сиёсатмадори барҷаста ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшанд, муҳоҷиронро боз ба ватанашон баргардонанд. Баҳри пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми ҳастиашонро фидо намоянд. Истиқлолияти комили Тоҷикистон ба туфайли ҷонбозиҳои Сарвари бохиради давлат Эмомалӣ Раҳмон торафт тавоно гашта, дар арсаи олам мақоми худро ёфт. Бори аввал дар таърихи миллати тоҷик Роҳбари давлати Тоҷикистон аз Минбари Созмони Миллати Муттаҳид ба забони софи тоҷикӣ баромад карда, масъалаҳои ҳаётан муҳим аз ҷумла: «Об манбаи ҳаёт» будани онро ба ҷаҳониён муаррифӣ карданд. Ва ин шинохти инсони бузург қиммати об ва сарфаи онро ба аҳли оламиёни ҷаҳон маълум намуданд. Бо ҳамин исбот карданд, ки барои зиндагии ояндаи осудаҳолаи ҷаҳониён бетараф нестанд. Он муборизаҳое, ки барои сулҳу Ваҳдат иҷро карда, оламиёнро ба ҳайрат оварданд, дар таърихи инсоният беназир ҳисобида мешавад ва омӯзиши он то ҳол давом дорад. Кас бо хубӣ эҳсос мекунад, ки ин фарди бузург нангу номуси баланд дошта, ватанашонро аз ҷону дил дӯст медоранд. Инчунин бунёди нақбҳо, роҳҳои рафтуо бо мамлакатҳои ҳамсоя, корхонаҳои пуриқтидори манфиатовар, донишгоҳҳо, коллеҷҳо, қасрҳои варзишӣ, мактабу дармонгоҳҳои замонавӣ ва дигар корҳои созандагию бунёдкорӣ аз он дарак медиҳанд, ки фарзанди бузурги миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садоқати беандоза нисбат ба халқу ватанашон доранд. Бояд гуфт, ки Тоҷикистон сохти давлатдории демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро интихоб намудааст ва ҳоло дар роҳи бунёди низоми давлатдорӣ қадамҳои устувор мегузорад. Интихоби дурусти давлатдорӣ аз тарафи Президенти мамлакат, Эмомалӣ Раҳмон дар чунин замони ҷаҳонишавӣ дурусту дурбинона буда, имрӯз ҳамин ғоя ба яке аз заминаҳои асосии ҳаёти осоиштаи ҷомеа табдил ёфтааст. Маҳз ба туфайли кӯшишу ғайрати шабонарӯзии сиёсатмадори барҷаста Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон дар кишварамон сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва Ваҳдати миллӣ барқарор буда, барои зиндагии осудаи халқамон тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудаанд. Роҳбари давлатамон дуруст дарк намуданд, ки мубориза ба муқобили экстримизму терроризми байналмиллалӣ дар асл мубориза барои ҳифзи давлат, Истиқлолият, фарҳангу забон ва арзишҳои милии халқамон мебошанд. Баробари ин Президенти мамлакатамон бо ақлу хиради волои худ бо мамоликҳои пешқадами ҷаҳон ҳамкориро ба роҳ монда, дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ ба комёбиҳои шоён соҳиб гардиданд. Имрӯз Тоҷикистон яке аз мамлакатҳои тараққикарда ҳисобида мешавад. Мо тоҷикон бо Президенти худ Эмомалӣ Раҳмон фахр менамоем. Дар назди худ вазифа мегузорем, ки дастуру супоришҳои ояндаи Пешвои миллатро фаъолияти амалии ҳаррӯзаи худ қарор дода, Тоҷикистони азизамонро дар арсаи ҷаҳон боз ҳам шӯҳратманд мегардонем. Дар ин роҳ моро ҳамеша Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раҳнамун буданд ва мемонанд.

Собирҷон Собиров Раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар беморхонаи клиникавии вилояти Суғд.