Дар доираи таҷлили 26 - солагии тасисёбии Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд мизи мудаввар тахти унвони "Ҳизби ман - ифтихори ман" доир гардид. Чорабини бо иштироки олимон, фаолони ҳизб дар маҷлисгоҳи хурди муассисаи давлатии донишгоҳи давлатии Хуҷанд доир шуд.

Мизи мудавварро Раиси кумиҷроияи шаҳрии ҳизб Маликисломӣ Наим Мунаввар ҳусни оғоз бахшида, баён дошт, ки таҷлили ин санаи таърихи ёдовари аз корномаҳое мебошад, ки барои ба фаъолият оғоз бахшидани ташкилот асос гузоштанд . Идеяи тасиси ҳизб бевосита бо пешниходи Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омада, давоми беш аз чоряк аср ба як ташкилоти кудратманд ва сернуфуз мубаддал гардид.

Номзади илмхои биологи, директори донишкадаи такмили ихтисос ва бозомузии омузгорон дар вилояти Суғд Исматдинзода Муҳаммадҷон таҳти унвони "Ҳизб -роҳнамои халқ" марӯза намуда, аз таърихи таъсисебии ҳизб ва нақши он дар ҳаёти сиёсии кишвар сухан ронда баён дошт, ки ҳар чӣ қадар мо аз арзишҳои бунёди ҳизб сухан ронем, ҳамон андоза қиммати он кам намешавад. Зеро ҳизб замоне арзи ҳасти карда буд, ки фазои сиёсиро қувваҳои манфиатҷӯ фаро гирифта, мехостанд кишварро ба вартаи нобуди расонанд. Маҳз нерӯи солим атрофи ҳизб сарчам шуда, ба халқ роҳи саодат ва муваффақиятро нишон дод.

Уғулой Умаралиева, собиқадори меҳнат, номзади илмҳои суханшиносӣ, Зайнура Шарифӣ раиси ташкилоти ибтидоии "Мухочир', Раёсати хадамоти кор бо мухочирони мехнати, Хайринисо Темурова, номзади илмхои педагоги, устоди Донишкадаи политехникии донишгохи техникии Точикистон, оид ба паҳлӯҳои фаъолияти ҳизб сухан ронда, барои боз хам густурдатар гардонидани  нақш ва мақоми ҳизб сухан ронданд.

Дар фарҷоми мизи мудаввар Маликисломӣ Наим Мунаввар ҷихати тақвияти минбада якчанд дастуру хидоятҳо дод ва кайд кард, ки мо бояд бо дастовардҳои азими меҳнати чашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатиро пешвоз гирем.