Дар асоси қарори маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз санаи 30.06.2015 таҳти № 33 «Дар бораи пеш аз мӯҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии Масҷиди Сурх №5», қарори № 34 «Дар бораи таъин шудани рӯзи интихобот ба ивази вакили хориҷшуда аз ҳавзаи интихоботии Масҷиди Сурх №5» санаи 30 августи соли 2015 дар ҳудуди маҳаллаҳои Қорираҳмат Қурбонов, Масҷиди Савр, Раззоқ ва як қисми Ҷорчароғ (участкаҳои интихоботии №1,2,3,4,5,6,7,8,9) интихоботи вакил ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии «Масҷиди Сурх №5» баргузор гардид. Фазои ҳамаи участкаҳои интихоботӣ орому босубот буда, мардум бо руҳияи болида ба интихобот омаданд. Бояд қайд кард, ки номзади аз ҲХДТ пешниҳодшуда Гулбаҳор Махкамова бо гирифтани 64,1 %-и овозҳои интихобкунандагон вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии «Масҷиди Сурх №5» интихоб шуд.