Бахшида ба 21-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии «Бобоҷон Ғафуров»-и Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи васеи ҳизбӣ баргузор гардид. Бо сухани ифтитоҳӣ раиси ташкилоти ибтидоӣ Анвар Мақсудов дар мавзӯи «Ҳизби ҳамқадами ҳаёт» маърӯза карда, зикр намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 21 сол муқаддам - дар марҳилаи аввали таъсисёбии ҳизб иброз дошта буданд, ки мақсади асосӣ аз созмон додани он муттаҳид кардани нерӯҳои пешқадам ва тавонои ҷумҳурӣ аст, ки барои барпо намудани давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ҷомеаи аз ҷиҳати иқтисодиву иҷтимоӣ мутараққӣ талош меварзад. ҲХДТ ба ин рисолати наҷиб садоқатмандӣ зоҳир карда, фаъолияти худро ба таъмини ваҳдат, тарбияи ҷомеа дар рӯҳияи дўстиву рафоқат, сафарбар намудани мардум ба корҳои созандагию ободонӣ равона кард. Ҳизб ҳамчун нерӯи ташаккулдиҳандаи афкори меҳнатдӯстӣ, равона намудани ҷомеа ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ нақши мондагор дорад. Ҳифзи арзишҳои маънавӣ ва эҳёи ҳофизаи таърихӣ, тақвияти ҳисси худшиносиву худогохии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварии мардум, баланд бардоштани сатҳи маънавиёт, рушди илму фарҳанг ва одоб аз рисолатҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсуб мешаванд. Имрӯз ҳизб ба ислоҳоти соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоӣ, тартиботи ҷамъиятӣ эътибор дода, барои татбиқи муваффақонаи барномаҳои бахшҳои мазкур саҳми муносиб мегузорад. Аз ин лиҳоз, ифтихори аъзои чунин ҳизб будан аз мо масъулият ва созандагии ҳамешагиро тақозо мекунад. Сипас, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Сарфароз Юнусов баромад намуда, қайд кард, ки таи 21 сол аст, ки дар ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун ҳизби созандаву пешбаранда назаррас мебошад. Ба туфайли саъю талошҳои созандаи ҳизб дар мамлакат пойдевори мустаҳками рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, демократия гузошта шуда, барои ба сафи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ворид гаштани Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам гардид. Истиқлолият ва ваҳдат, бешубҳа, ба ҳайси неъматҳои бебаҳои таърих ва дастоварди бузурги сиёсиву маънавӣ дар таърихи тоҷикон эътироф шудаанд. Зеро баъди ҳазор соли давлатдорӣ таърих неъмати бебаҳои соҳибистиқлолиро ҳадя намуда, давлати навини Тоҷикистонро рӯи харитаи сиёсии олам падидор намуд. Истиқлолият барои мардуми кишвар озодии сиёсӣ, имконияти озоди интихоби роҳи тараққиёт, шароити мусоиди рушду инкишофи ҳама соҳаро фароҳам овард. Баъдан раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов ба сухан баромада, дар якҷоягӣ бо раиси Кумиҷроияи Вилоятии ҳизб ва раиси ташкилоти ибтидоии «Б.Ғафуров» ба 230 нафар устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ки қаблан бо ариза барои дохил шудан ба узвияти ҲХДТ муроҷиат карда буданд, шаҳодатномаҳои ҳизбиро супориданд. Дар қисми дуюми барнома бахшида ба 21- солагии таъсисёбии ҲХДТ ва 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби санъаткорони номӣ ва аз факултети санъат сурудҳои ҷаззоб оид ба «Ватан», «Тоҷикистони азиз», «Ваҳдату ягонагӣ» ва ғайраҳо садо доданд ва ҳозиринро ба ваҷд оварданд.