Ҳамасола санаи 18-уми август бахшида ба рӯзи мавлуди Абуали ибни Сино иди касбии кормандони соҳаи тандурустӣ баргузор мегардад. Тайи чанд рӯз аст, ки бахшида ба ин санаи таърихӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар беморхонаҳои шаҳри Хуҷанд чорабиниҳо баргузор гашта истодаанд. Дар чорабиниҳои мазкур Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов ва аъзоёни Кумиҷроия ширкат варзида, табибонро ба муносибати иди касбиашон табрику муборакбод намуда, ба фаъолони ҲХДТ сипосномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравии Кумиҷроияи шаҳриро тақдим намуданд. Воқеан шифокорон шахсони хеле хушбахте ҳастанд, зеро онҳо бар замми хилъати сафед пӯшидан, соҳиби қалби пок низ ҳастанд. Дил ба даст овардан ин ҳунар аст ва соҳиби ин ҳунар низ табибон мебошанд. Сухани хуш, муомилаи нек ва дастони сеҳрноки шифокор қадами аввали табобат аст.