Санаи 21-уми декабри соли равон масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шащри Хуҷанд якҷоя бо аъзоёни фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан”  ҷиҳати оқилона истифодабарии нерӯи барқ мулоқоту вохӯриҳоро миёни сокинон бо усули “хона ба хона”  дар  маҳаллаи С.Ҳофиз-и шаҳр идома доданд.

Дар рафти мулоқот ва корҳои фаҳмондадиҳи аз ҷониби масъулин бо сокинон қайд карда шуд, ки тадбирҳои андешидаи давлату Ҳукумат дар самти таъмини пурраи аҳолӣ бо барқ ва ниҳоят барои расидан ба ҳадафи стратегӣ -  истиқлолияти энергетикӣ кам нестанд. Ҷавобан аз ҷониби аҳолӣ риояи фарҳанги сарфаю сариштакорӣ ва оқилона истифодабарии нерӯи барқ ин нишони маданият ва масъулияти шаҳрвандии ҳар як сокини кишвар ба ҳисоб меравад, имконият медиҳад, ки мо дар роҳи расидан ба ҳадафҳои олӣ муваффақ гардем. Зеро сарфакорӣ худ аз оила оғоз меёбад.

Ҳамзамон аз тарафи аъзоёни Ташклоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” оиди  пешгирии хуруҷи дуюми бемории сироятии коронавирус (COVID – 19), мулоқот намуда ба сокинон Муроҷиатномаи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷандротақсим карда шуд.