Дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2- и шаҳри Хуҷанд бо интихобкунандагони кумитаи маҳаллаи "Бофанда" мулоқоти гурӯҳи тарғиботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд доир гардид.

Дар вохӯрӣ раиси Ситоди пешазинтихоботии ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ, аъзои гурӯҳи ташвиқотии вилоятӣ Абдуҳаким Шарипов ва Фариддун Ҳодибоев ширкат варзида, ҳадафҳои пешгирифтаи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба интихобкунандагон фаҳмониданд.