Наврўз, ки сароғозаш решапайванди ҳазорсолаҳост ва шукўҳу шаҳоматаш бо гузашти ин қадар айём коста намегардаду то ба рўзҳои мо пойдору устувор аст, барҳақ, ҳамчун ибтидои рўзи наву соли нав ҳукми баҳори зиндагиро дорост. Зеро, фурсати бедоршавии табиат махз ба фарорасии баҳор марбут аст ва аз он вуҷуди замини рўзирасон ҳарорат мегирад, марди деҳқон ба хоки нарм донаи умед мепошад, то зиндагии мардум фаровонӣ бинад.

Дар асоси дастуру супоришҳои Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халќии Демократии Тољикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар дар доираи иқдоми «Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст», инчунин тибқи нақша-чорабинии ташкилоти ибтидоии «Гулчини маърифат» чорабинии Наврўзї доир гардид, ки дар он намояндагони Кумитаи иҷроияи  Њизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар шањри Хуљанд ширкат варзиданд.

Барои хубу хотирмон ва дар вазъияти идона гузаронидани чорабинии мазкур аз љониби хонандагони МТЃ «Гулчини маърифат» суруду шеърњо, оњангњои дилнавоз ва саҳначањо намоиш дода шуданд. Чорабинї дар сатњи баланди идона баргузор гардид.