Имрӯз мувофиқи нақша-чорабиниҳо мудири шӯъбаи умумӣ ва назорати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Махсуд Абдугафуров бо раисони кумитаҳои маҳаллаи «Суғдиён», «Сайҳун» ва «Сирдарё» доир ба омодагӣ ба пешвози ҷашнҳои таърихӣ 20 –солагии рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтушунид барпо намуд.

Инчунин, оид ба ҷобаҷогузории ҳуҷатҳои ҳизбӣ в дигар масъалаҳои дохилиҳизбӣ дар ташкилотҳои ибтидоии кумитаи маҳаллаҳои «Суғдиён», «Сайҳун» ва «Сирдарё» ба масъулин маслиҳатҳои муфид дода шуд.