Дар дар қисми низомии 35-01 Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Хуҷанд воқеъ аст, бахшида ба 25-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд генерал майори милитсия Назарзода Қудратулло Бобо, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳоқимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд иштирок намуда, тамоми иштирокдоронро бо ин санаи фархунда табрику муборакбод намуданд.

Ҳамчунин, дар чорабинӣ мудири шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маҳмадсалим Ҳаитов ширкат варзида, аз номи роҳбарияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамаи афсарону сарбозони қисми низомиро ба муносибати 25-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик  намуда, зикр кард, ки Артиши миллӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва сипари боэътимоди давлат маҳсуб меёбад. Мавриди зикр аст, ки Артиши миллӣ давоми 25 сол озмоишҳои ҷиддиро пушти сар намуда, ҷиҳати баланд бардоштани қудрати дифоии ҷумҳурӣ ва ҳифзи музаффариятҳои истиқлолияти давлатӣ қадамҳои устувор мегузорад.

 Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  зери  роҳбарии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон баҳри мустаҳакам намудани қобилияти мудофиавии мамлакат, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳарбӣ, беҳтар гардонидани шароити моддиву техникӣ ва вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ пайваста ғамхорӣ менамояд.

Дар анҷоми маросими тантанавӣ  ба қисми ҳарбии 35-01 тӯҳфаҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, ки аз лавозимотҳои варзишӣ иборат буданд, тақдим карда шуд.