Ҳарчанд шумораи сироятёфтагон аз бемории сироятии Коронавирус дар кишвари мо дар ҳоли коҳиш ёфтан қарор дорад, ҳамоно корҳои фаҳмондадиҳӣ ва безараргардонӣ дартамоми гӯшаву канори мамлакат идома дорад.

Тибқи нақша – чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистог дар шаҳри Хуҷанд  аз ҷониби мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ва фаъолони ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар боғи фарҳангӣ - фароғатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Хуҷанд ва маҳаллаи “Навбаҳор” корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Дар вохӯриҳо зикр шуд, ки дур будан аз издиҳом, риояи фосилаи муошират бар манфиати кор аст.
Чунин тадбирандешиҳо барои маърифатнокии аҳолӣ мусоидати беш мекунад.

Дар рафти корҳои фаҳмондадиҳӣ аз аҳолӣ даъват ба амал оварданд, ки нисбати саломатии худ бетарафӣ зоҳир накунанд.